Суғд: Маҳкум шудани муборизи зиддифасод барои порагирӣ ва қаллобӣ

Дар вилояти Суғд корманди Агентии зиддифасод барои порагирӣ ва қаллобӣ ба муҳлати 6,6 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, суд муборизи зиддифасод Р.Г.-и 36-соларо мутобиқи моддаҳои 319 (Порагирӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё тавассути миёнарав, такроран бо тамаъҷӯйии пора), 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд корманди Агентии зиддифасод барои порагирӣ ва қаллобӣ ба муҳлати 6,6 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, суд муборизи зиддифасод Р.Г.-и 36-соларо мутобиқи моддаҳои 319 (Порагирӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё тавассути миёнарав, такроран бо тамаъҷӯйии пора), 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) 247 (Қаллобии аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда тибқи маслиҳати пешакӣ ва аз ҷониби шахс бо истифода аз мансаби хизматӣ) ва 247, қисми 3, банди «а» (Қаллобии дар ҳаҷми зиёд содиршуда)-и КҶ ҶТ гунаҳкор донист.

Бино ба иттилои манбаъ, Р.Г. моҳи апрели соли 2011 ба воситаи миёнарав аз сокини ноҳияи Ашт К.А. барои қатъи парвандаи ҷиноӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари ИМА пора гирифтааст.

Корманди агентии зиддифасод муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо карда, ҳамчунин ба ӯ дар муддати чаҳор соли пас аз адои ҷазо кор кардан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манъ карда шуд.

«Бар асоси моддаи 8, қисми 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2011 мӯҳлати ҷазои маҳкумшуда аз се як ҳисса кам карда мешавад», – афзуд манбаъ дар суди шаҳрӣ.

Бино ба маълумоти раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли 2011 дар қаламрви минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 30 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (соли 2010 – 29 далел) ва 65 далели қаллобӣ (соли 2010 – 37 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.