Оғози сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб

Даҳаи аввали моҳи феврали соли равон сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷрокунандаи Маркази татбиқи лоиҳа Исмонқул Шоқулов хабар дод, ба сохтмони роҳ корхонаи муштараки «Комбайнед групп ТК»-и давлатҳои Туркияву Қувейт машғул хоҳад шуд. «Ахири моҳи декабри соли гузашта миёни Вазорати нақлиёт ва корхонаи мазкур, ки дар тендери интихоби […]

Пайрав Чоршанбиев


Даҳаи аввали моҳи феврали соли равон сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷрокунандаи Маркази татбиқи лоиҳа Исмонқул Шоқулов хабар дод, ба сохтмони роҳ корхонаи муштараки «Комбайнед групп ТК»-и давлатҳои Туркияву Қувейт машғул хоҳад шуд.

«Ахири моҳи декабри соли гузашта миёни Вазорати нақлиёт ва корхонаи мазкур, ки дар тендери интихоби паймонкор (пудратчӣ)-и ғолиб омад, созишнома ба имзо расид», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар тендери интихоби паймонкори генералии сохтмони роҳи моршингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ёздаҳ ширкат аз кишварҳои Туркия, Эрон, АМА, Озарбойҷон, Чин, Покистон ва Қувайт ширкат варзиданд. Ширкатҳои Тоҷикистон дар он ҳузур надоштанд.

И.Шоқулов гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аллакай дар ҳаҷми 5,4 млн. сомонӣ маблағ пешпардохт кардааст. «Айни замон паймонкори генералӣ техникаро ба қитъҳои сохтмонӣ сафарбар кардан дорад ва корҳои сохтмонӣ пас аз 10 рӯз шурӯъ мешаванд», – иброз дошт вай.

Шоқулов хотиррасон намуд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 85 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки исломии рушд, Буёди рушди Саудӣ, Хазинаи арабии рушди иқтисоди Қувайт, Хазинаи Созмони кишварҳои нафтрасон (ОПЕК) ва Бунёди Абу Забӣ сурат мегирад. Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур 7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.