Тавлиди тифли навбатӣ дар ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр»

Дар дохили ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар фазои қаламрави Ӯзбекистон (Самарқанд), ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, як тифли навзоди писар ба дунё омад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, дар таваллуди кӯдаки мусофирзани 26-сола, сокини ноҳияи Ёвон Насиба Давлатова табибе, ки  дар ҳавопаймо ҳузур доштааст, иштирок карда, таваллуди тифл ба хайрият […]

ASIA-Plus


Дар дохили ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар фазои қаламрави Ӯзбекистон (Самарқанд), ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, як тифли навзоди писар ба дунё омад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, дар таваллуди кӯдаки мусофирзани 26-сола, сокини ноҳияи Ёвон Насиба Давлатова табибе, ки  дар ҳавопаймо ҳузур доштааст, иштирок карда, таваллуди тифл ба хайрият ва бидуни мушкилот сурат гирифтааст.

«Давлатова дар моҳи нӯҳуми ҳомиладорӣ қарор дошта, ба ҳайати кормандони тиббии фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Маскав маълумотномаи бардурӯғ дар бораи муҳлати ҳомиладориашро пешниҳод кардааст, – гуфта мешавад дар иттилои ширкат. – Тавре баъдтар маълум шуд, ин зан бори аввал таввалуд карда, дар ӯ хатари таваллуди пеш аз муҳлат вуҷуд доштааст. Сарфи назар аз ин, зан дидаву дониста ҳаёти худ ва тифли батнашро зери хатар гузошт».

Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо зану кӯдаки навзодро кормандони тиббии фурудгоҳ муоина карда, сипас онҳо ба таваллудхонаи № 2-и пойтахт фиристода шуданд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи чоруми таваллуди тифли навзод дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» аст. Тифли аввал (писар) моҳи декабри соли 2007 зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петрбург-Душанбе, тифли дуюм (духтар) соли 2008 дар ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе ва тифли навзоди сеюм (писар) моҳи октябри соли 2011 ҳангоми парвози ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ба дунё омада буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.