Вазири корҳои хориҷии Миср ба конфронси душанбегии RECCA-V даъват шуд

Рӯзҳои наздик Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров ҳамроҳ бо Сафири Афғонистон д-р Насир Аҳмад Нур паёми муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расулро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Миср д-р Муҳаммад Комил Амр, ки дар он барои иштирок дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои наздик Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров ҳамроҳ бо Сафири Афғонистон д-р Насир Аҳмад Нур паёми муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расулро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Миср д-р Муҳаммад Комил Амр, ки дар он барои иштирок дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) даъват ба амал омадааст, ба сардори раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат сафир Акрам Ҳамдӣ супориданд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат сафир А. Ҳамдӣ бо изҳори ташаккур аз даъвати Вазир барои иштирок дар конфронси мазкур қайд кард, ки Миср аз оғоз дар тамоми чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон фаъолона иштирок намуда, ҳамеша дар раванди сулҳ ва бозсозии ин кишвари дӯст саҳмгузор буд ва Конфронси панҷум, ки пазироии онро Тоҷикистон 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтааст, метавонад дар ин росто нақши муҳимро бозад.

Ҳамзамон, дипломати мисрӣ иштироки кишвари худро дар сатҳи муносиб дар Конфронси Душанбе ва дигар чорабиниҳо дар ҳошияи он таъкид сохта, талошҳои пайгиронаи Тоҷикистонро дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, ки ба манфиати Афғонистони ҳамсоя низ равона карда шудаанд, баланд арзёбӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.