Барои сохтмони бозор дар маҳаллаи Зарафшон 1,5 га замин ҷудо шуд

Date:


Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои сохтмони бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 1,5 га қитъаи замин ҷудо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони бозор ба ӯҳдаи ҶДММ «Строй-Комплекс» вогузор шудааст. «ҶДММ «Строй-Комплекс» ба корҳои сохтмонӣ пас аз дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шурӯъ менамояд», – гуфт вай.

Ҳамчунин дар яке аз бандҳои қарор гуфта мешавад, ки дар сурати аз ҷониби ҶДММ «Строй-Комплекс» дар давоми 3 сол шурӯъ накардан ба сохтмон, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...