Екатеринбург: Ҳалокати ду тоҷикистонӣ бар асари сӯхтор

Бар асари сӯхтор дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҳалокшудагон – сокини 26-солаи деҳаи Исроилободи ноҳияи Ваҳдат Акмал Бӯриев ва сокини 25-солаи участкаи Қизил-Тоҷикистони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зокирҷон Раҳимов мебошанд. «Ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи […]

Аваз Юлдошев


Бар асари сӯхтор дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҳалокшудагон – сокини 26-солаи деҳаи Исроилободи ноҳияи Ваҳдат Акмал Бӯриев ва сокини 25-солаи участкаи Қизил-Тоҷикистони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зокирҷон Раҳимов мебошанд.

«Ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи 31-уми январ пас аз хомӯш кардани сӯхтор дар яке аз манзилҳои хусусӣ дар шаҳри Екатеринбург дарёфт шуданд», – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори шаҳри Екатеринбург дар робита ба ин ҳодиса маводи зарурӣ ҷамъ оварда, корҳои тафтишотӣ мегузаронанд.

Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати расонидани кӯмак дар тафтишоти қазияи мазкур ва мусоидат ба ҳарчи зудтар интиқол додани ҷасадҳои фавтидагон ба ватан чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.