Мусодираи ҳудуди 60 кило ҳашиш дар Суғд

Дар минтақаи шимоли кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухадирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 31-уми январ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар қаламрави ҷамоати Ҳамрообод автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро боздошт мекунанд. «Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бордони он беш аз 44 кило маводи мухаддири навъи […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухадирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 31-уми январ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар қаламрави ҷамоати Ҳамрообод автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро боздошт мекунанд. «Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бордони он беш аз 44 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, маълум шудааст, ки соҳиби маводи мухаддир мусофири автомашина, сокини 40-солаи шаҳри Хуҷанд С.М. буда, ӯ қаблан дар Русия ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ чанде пештар озод шуда буд», – гуфтанд дар мақомот.

Зикр гардид, ки ҳамчунин кормандони милисаи шаҳри Конибодм низ аз як амали муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддирро пешгирӣ кардаанд. «Дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» ҳудуди 12 кило маводи мухаддири ҳашиш кашф ва мусодира шудааст, ки он ба мусофири автомашина, сокини 24-солаи шаҳри Конибодом Х.С. тааллуқ доштааст», – афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 575 кило (соли 2020 – 891 кило) маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 133 килои он героин мебошад.

Дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 297 сокини вилоят (соли 2010 – 244 нафар) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 23 нафарашон занон ва 274 нафарашон мардон мебошанд. Аз рӯйи ин далелҳо 275 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.