Меъёри ҷазо барои идораи автомобил дар ҳолати мастӣ шадидтар шуд

Дар Тоҷикистон меъёри ҷазо барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ шадидтар шуд. Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳодоти ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ворид кардани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дастгирӣ ёфта, мутобиқи он, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон масъулияти ҷазо барои идораи автомобил дар ҳолати мастӣ шадидтар мегардад. Зимни […]

Аваз Юлдошев


Дар Тоҷикистон меъёри ҷазо барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ шадидтар шуд.

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳодоти ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ворид кардани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дастгирӣ ёфта, мутобиқи он, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон масъулияти ҷазо барои идораи автомобил дар ҳолати мастӣ шадидтар мегардад.

Зимни суханронӣ дар назди вакилон муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Саид Ҷӯрахонов дар робита ба ин масъала гуфт, минбаъд барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт шаҳрванд аз шаҳодатномаи ронандагӣ ба муҳлати ду сол маҳрум мегардад. Қаблан барои ин амал ҷазои 1 сол маҳрум кардан аз шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҷарима дар ҳаҷми аз 350 то 700 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Шахсоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ба идораи автомобил машғул мешаванд, ба маблағи аз 800 то 1 ҳазору 200 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд. Агар ин амал аз ҷониби шахс такроран сурат гирад, маблағи ҷарима аз 1 ҳазору 200 то 2 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, тайи 10 соли ахир дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ҳудуди 16 ҳазор ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он наздики 4,5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамасола дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 400 тан ҳалок ва 1 ҳазору 700 нафар ҷароҳат мебардоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.