Сафари кории як ҳайати «Газпром» ба Тоҷикистон

Узви раёсат, сардори департамент оид ба истихроҷи газ, конденсати газӣ ва нафти ҶСК «Газпром» Всеволод Черепанов ва мудири идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулев рӯзҳои 6-7-уми феврал бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҷараёни сафар намояндагони «Газпром» аз иншооти асосии […]

ASIA-Plus


Узви раёсат, сардори департамент оид ба истихроҷи газ, конденсати газӣ ва нафти ҶСК «Газпром» Всеволод Черепанов ва мудири идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулев рӯзҳои 6-7-уми феврал бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни сафар намояндагони «Газпром» аз иншооти асосии истеҳсолии ширкат дар Тоҷикистон – майдони пармагарии «Шаҳринав-1п»дар қитъаи Сариқамиш боздид мекунанд. Ҳамчунин Черепанов ва Гулев як қатор гуфтушунид анҷом дода, машварати истеҳсолӣ доир месозанд, ки дар он ҷараёни амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба азхудкунии майдонҳои нафтугаздори ҷумҳурӣ ва масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ дар дафтари кории марказии ҶСК «Газпром» мулоқоти кории раиси раёсати ҶСК «Газпром» Алексей Миллер ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул доир гардид. Дар вохӯрӣ Раиси ҶСК «Газпром» Миллер изҳори итминон намуд, ки мулоқоти мазкур барои амалӣ гардидани масъалаҳои дар рафти вохӯрӣ дар моҳи декабри соли 2010 бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.