Душанбе: Боздошти донишҷӯ бо ҳудуди 800 грамм героин

Date:


Кормандони мақомоти милисаи пойтахт дар канори шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Р.А.-и 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ ҳудуди 800 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, боз аз як ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ пешгирӣ шудааст. Аз рӯйи далели дар манзили зисти шахсӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир сокини бекори 53-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа И.Ш. боздошт шудааст.

«Дар манзили зисти боздоштшуда аз пинҳонгоҳи махсус 3,3 кило маводи мухаддири афюн ва ҳашиш кашф ва мусодира гардид», – гуфтанд дар ВКД.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, айни замон боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доранд ва корҳои татфишотӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...