Ҳукуматдорони Чкаловск нафақахӯрони танҳоро дар меҳмонхона ҷой доданд

Бинобар сабаби сардии шадиди обуҳаво, ҳукуматдорони шаҳри Чкаловски вилояти Суғд нафақахӯрони танҳоро то фасли баҳор дар меҳмонхонаи замоне овозадори «Хуҷанд» ҷой доданд. Кормандони меҳмонхона ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, аз ҷониби мақомоти маҳалли таъминоти иҷтимоӣ рӯйхати 9 нафар нафақахӯрони танҳо пешниҳод гардида, дархост шудааст, ки онҳо дар меҳмонхона ҷой дода […]

Бахтиёр Валиев


Бинобар сабаби сардии шадиди обуҳаво, ҳукуматдорони шаҳри Чкаловски вилояти Суғд нафақахӯрони танҳоро то фасли баҳор дар меҳмонхонаи замоне овозадори «Хуҷанд» ҷой доданд.

Кормандони меҳмонхона ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, аз ҷониби мақомоти маҳалли таъминоти иҷтимоӣ рӯйхати 9 нафар нафақахӯрони танҳо пешниҳод гардида, дархост шудааст, ки онҳо дар меҳмонхона ҷой дода шаванд.

Ба рӯйхат асосан занони нафақахӯр – маъюбони гурӯҳи дуюм шомил буда, танҳо панҷ нафари онҳо ба истифода аз ин ғамхорӣ розӣ шудаанд. «Онҳо дар ҳуҷраҳои як ва ду нафарии дорои бухориҳои барқӣ ва телевизор ҷой дода шуда, бо ғизо, ки дар қаҳвахонаи меҳмонхона омода мешавад, таъминанд», – гуфтанд кормандони меҳмонхона.

Ба қавли онҳо, маводи ғизоии нафақахӯрон аз ҷониби як қатор сарпарастони маҳалливу афроди хайрхоҳ таъмин карда мешавад.

«Дар обуҳавои сарди зимистони соли 2007 низ чунин қишри ниёзманди аҳолӣ дар меҳмонхона зиндагӣ карда буданд. Бо мусоид шудани обуҳаво онҳо ба манзилҳои худ бармегарданд», – афзуданд онҳо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.