Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ идома меёбанд

Тибқи нақшаи корӣ аз 5 то 11 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳалли масъалаҳои муқарраршуда ба мувофиқаи муайян омаданд. […]

ASIA-Plus


Тибқи нақшаи корӣ аз 5 то 11 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳалли масъалаҳои муқарраршуда ба мувофиқаи муайян омаданд.

 Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

 Гуфтушунидҳо идома меёбанд. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷонибҳо дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон барпо хоҳад гашт.

То имрӯз ҳудуди 50%-и марзи Тоҷикистону Қиргизистон муайян карда шуда, бино ба маълумоти манбаъ, сарфи назар аз мавҷуд будани маҳаллаҳои аҳолинишини қирғиз ва тоҷикнишин дар ҳар ду самт, ҷараёни гуфтушунид оид ба муайян кардани хатти марз бо Қирғизистон муваффақона идома доранд.

Масофаи умумии марзи давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар беш аз 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 1 ҳазор километри он марз бо Қирғизистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.