Иҷораи боғҳои Балуҷистони Покистон аз ҷониби соҳибкорони тоҷик

Чанде қабл дар шаҳри Қарочӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Шӯрои Палатаи федеролии савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Манша Чура доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Покистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Қарочӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Шӯрои Палатаи федеролии савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Манша Чура доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Покистон муҳокима шуданд.

Сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки ҳанӯз тамоми имкониятҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мазкур истифода нагардидаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба имзо расондани шартномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон ба тақвияти минбаъдаи тиҷорати миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, Муҳаммад Манша Чура изҳор дошт, ки баргузории бизнес-форумҳои соҳибкорони ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Қарочӣ соли гузашта ба густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ саҳм гузоштанд. Ӯ зикр кард, ки ҳоло як гурӯҳ соҳибкорони Тоҷикистон дар вилояти Балуҷистони Покистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар он ҷо адади муайяни боғҳоро ба иҷора гирифтаанд ва ба парвариши меваҳои гуногун машғул мебошанд, ки ин кор ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Боиси зикр аст, ки ба наздикӣ нашри махсуси маҷаллаи Палатаи федеролии савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба мавзӯи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон ба чоп расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.