Пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар фурудгоҳи пойтахт

Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳодисаи навбатии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар фурудгоҳи пойтахт кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар шаҳрванди ҷумҳурӣ А.И.-и 29-соларо боздошт карданд. «Зимни […]

Наргис Ҳамробоева


Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳодисаи навбатии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар фурудгоҳи пойтахт кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар шаҳрванди ҷумҳурӣ А.И.-и 29-соларо боздошт карданд.

«Зимни азаназаргузаронии гумрукӣ аз борхалтаи сафари ӯ 661 маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ҳодиса ба дӯши прокуратураи нақлиёти кишвар вогузор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.