Бунёди шаҳраки истиқоматии корхонаи «Олим-текстайлз»

ҶСП «Олим-Текстайлз» оид ба коркарди нахи пахта воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ният дорад, ки шаҳраки истиқоматии худ бо тамоми зерсохторашро бунёд намояд. Директори генералии корхона Валихон Набиев мегӯяд, шаҳрак дар назди корхона бунёд гардида, он аз коттеҷҳои замонавӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои коргарон иборат хоҳад буд. Ҳамчунин ба мисли дигар маҳаллаҳои аҳолинишин […]

Бахтиёр Валиев


ҶСП «Олим-Текстайлз» оид ба коркарди нахи пахта воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ният дорад, ки шаҳраки истиқоматии худ бо тамоми зерсохторашро бунёд намояд.

Директори генералии корхона Валихон Набиев мегӯяд, шаҳрак дар назди корхона бунёд гардида, он аз коттеҷҳои замонавӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои коргарон иборат хоҳад буд. Ҳамчунин ба мисли дигар маҳаллаҳои аҳолинишин дар он мағоза, мактаб, кӯдакистон ва дигар иншооти зерсохтории зарурӣ бунёд мегарданд.

«Барои сохтмони шаҳрак то ҳанӯз замин ҷудо нашудааст, вале мо ба мақомоти раҳбарии ноҳияи Мастчоҳ ба таври хаттӣ дар ин хусус муроҷиат намудем ва акнун посухашро интизорем. Агар ҳама корҳо хуб шаванд, шаҳракро аз ҳисоби воситаҳои худӣ бунёд хоҳем намуд», – таъкид кард ӯ.

Ба қавли директори генералии корхона, айни замон дар корхона нахи пахта мутобиқи меъёрҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад. «Дар се баст дар корхона 465 нафар фаъолият дошта, музди меҳнаташон ба ҳисоби миёна 250 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – иброз дошт В.Набиев.

Соли равон дар корхона беш аз 683 тонна пахта коркард гардид. Танҳо дар соли 2011 корхона ба сифати андоз ба буҷети маҳаллӣ зиёда аз 220 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт кард.

Қобили зикр аст, ки ҶСП «Олим-Текстайлз» дар шаҳраки Такелии ноҳияи Мастчоҳ моҳи марти соли 2010 бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Панҷ сол қабл зимни сафараш ба ин ноҳия президенти Тоҷикистон супориш дода буд, ки дар ин ҷо як корхонаи коркарди нахи пахта бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як сол сохта шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.