Суғд: Ба 140 нафар шогирдони курсҳои омӯзишӣ шаҳодатнома супурда шуд

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар маркази омӯзиши кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ, ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилояти Суғд воқеъ аст, ба 140 нафар шогирдони курси омӯзиши дӯзандагӣ ва бофандагӣ  шаҳодатномаи хатм супориданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар чорабинӣ аз раёсати кумита – Акбари Миршикор, мудири […]

ASIA-Plus


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар маркази омӯзиши кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ, ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилояти Суғд воқеъ аст, ба 140 нафар шогирдони курси омӯзиши дӯзандагӣ ва бофандагӣ  шаҳодатномаи хатм супориданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар чорабинӣ аз раёсати кумита – Акбари Миршикор, мудири кулли мададкори кумита оғои Парпанҷӣ, раиси кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ ва намояндагони ахбори умум иштирок доштанд.

Дар  давоми се моҳ духтарон аз қишри ниёзманди ҷомеа бо омӯзиши ҳунари дӯзандагиву бофандагӣ машғул шуда, ин касбро ба пуррагӣ фаро гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони Имдод барои фарзандони оилаҳои ниёзманд курсҳои омӯзишӣ фаъолият мекунад.

Дар оянда  аз тарафи ин созмон таъсиси  ин гуна курсҳо дар навоҳии Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Табошар дар назар аст. Барои ҳунарҷӯёни шаҳри Хучанд бошад,  таълими ҳунарҳои кафшергарӣ, устои барқ, симкашии автомобил ва сантехникӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.