Вакилони мудофеи халабонон ба баррасии шикояташон умедворанд

Вакилони мудофеи халабонон, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки аз ҷониби суди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқ ва нақзи қоидаҳои ҳамлу нақли байнулмилалии ҳавоӣ маҳкум карда шуданд, ба ҳукми содиршуда шикоят оварданд. Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси Комисссияи Палатаи ҷамъиятӣ оид ба назорати фаъолият ва ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми […]

Сайраҳмон Назриев


Вакилони мудофеи халабонон, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки аз ҷониби суди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқ ва нақзи қоидаҳои ҳамлу нақли байнулмилалии ҳавоӣ маҳкум карда шуданд, ба ҳукми содиршуда шикоят оварданд.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси Комисссияи Палатаи ҷамъиятӣ оид ба назорати фаъолият ва ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ-ҳуқуқии Русия, адвокат Анатолий Кучерена менависад, онҳо дар таърихи 22-юми декабр аз болои ҳукми Руденко ва имрӯз аз болои ҳукми Садовничий шикоят пешниҳод карда, умедворанд, ки ҳардуи ин шикоят рӯзи 27-уми январ дар Раёсати суди вилояти Хатлон баррасӣ хоҳад шуд.

Кучерена гуфтааст, ҳолатҳои парванда ба фоидаи тафтишот нисбат дода шуда, ҳукми суд ғайриқонунӣ ва беадолатона аст. «Аз ин рӯ, ба бозбинии он муваффақ гардида, ҳукми бегуноҳ эътироф кардани онҳоро талаб хоҳем кард», – изҳор доштааст вай.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси суди вилояти Хатлон Алишо Қурбонов дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки шикоят нисбат ба ҳукми халабонон то ҳанӯз ба онҳо нарасидааст.

Ба гуфтаи ӯ,айни замон ба суд танҳо шикояти мақомоти раҳбарии ширкати Ролкан дар хусуси мусодираи ҳавопаймоҳо ворид гардидаасту халос, аммо алҳол санаи баррасии он аз ҷониби Раёсати суди вилоят маълум нест.

Як манбаи дигар дар суди вилояти Хатлон гуфт, ҷаласаи Раёсати суди вилоят дар як моҳ як маротиба доир мегардад ва ҷаласаи навбатӣ маҳз ба рӯзи 27-уми январ таъин шудааст, аммо маълум нест, ки дар он шикояти ширкати Ролкан баррасӣ мешавад ё на.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.