Ҷонибдори маҳкумшудаи Худойбердиевро иштибоҳан афв карданд

Моҳи сентябри соли равон Баҳриддин Сангови 46-сола, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори собиқ полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев эътироф шудаву барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба муддати 25 сол зиндонӣ шуда буд, афв гардид. Аммо пас аз ду моҳ ӯ боз боздошт гардида, дубора ба муассисаи ислоҳотӣ оварда шуд. Дар ин бора ба ОИ […]

Наргис Ҳамробоева


Моҳи сентябри соли равон Баҳриддин Сангови 46-сола, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори собиқ полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев эътироф шудаву барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба муддати 25 сол зиндонӣ шуда буд, афв гардид. Аммо пас аз ду моҳ ӯ боз боздошт гардида, дубора ба муассисаи ислоҳотӣ оварда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» хоҳари маҳкумшуда Зебо Набиева хабар дод.

Ба гуфтаи хешовандону наздиконаш, ӯ соли 1992 бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Маскав рафта, танҳо моҳи июли соли 2009 пас аз даргузашти падараш ва оғози ҷараёни сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба ватан баргаштааст.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Б.Сангов соли 2000-ум барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили «бандитизм», «суиқасд ба ҷони ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ тавассути амалҳои террористӣ» ва ғайра боздошт шудааст.

«Суд ӯро дар ташкили таркишҳои дорои ҷанбаи сиёсӣ – 18-уми октябри соли 1999 дар Универмаги марказӣ ва 4-уми сентябри соли 2000-ум дар назди бинои мағозаи «Ҳазору як майда чӯйда» айбдор дониста, ба муддати 25 соли зиндон маҳкум кард», – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.

Ба қавли хоҳари маҳкумшуда, нисбат ба ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев низ афв пешбинӣ гардида, 17-уми сентябри соли 2011 Баҳриддин Сангов ба озодӣ баромад. «Ӯ дар даст қарори мавриди афв қарор гирифтанашро дошт. Мо ба ӯ шиносномаи нав гирифтем, аммо аввали моҳи ноябр ба хонаи мо чанд нафар омада, бародарамро боз ба муассисаи ислоҳотӣ бурданд», – мегӯяд Зебо Набиева.

Ӯ иброз дошт, ки дар хусуси шарҳи бори дигар ба зиндон овардани бародараш ба мақомоти гуногун муроҷиат намуда, вале посухи мушаххасе дарёфт накардааст.

Дар як сохтор ба ман чунин гуфтанд: «Тасаввур намоед, ки он даврае, ки бародаратон дар озодӣ гузаронд, барои ӯ як рухсатӣ буд», – изҳор кард Набиева.

Дар Прокуратураи генералӣ имкони иштибоҳ дар мавриди афви Б.Санговро шарҳ надоданд, вале зикр карданд, ки «мувофиқи афви соли 2001 мӯҳлати ҷазои Сангов ба муҳлати 6 сол ва мутобиқи афви соли 2011 ба муддати 2 сол кам карда шуд. Ӯ мавриди афви пурра қарор намегирад».

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Сангов дар натиҷаи саросемагӣ мавриди афв қарор гирифтааст. «Дар қонуни афви соли 2011 озодии иштирокчиёни рӯйдодҳои низомии соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринаву Турсунзода ва даргириҳои ҷангии соли 1998 дар вилояти Суғд, ки дар онҳо ҷонибдорони Худойбердиев ширкат варзида буданд, пешбинӣ гардида буд. Аммо Сангов хеле баъдтар аз ин рӯйдодҳо даст ба ҷиноят задаст», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.