Эълони барандагони ҷоизаи ба наоми Лоҳутӣ дар соли 2011

Кумита оид ба ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 натиҷагирӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмуни аз рӯйи чор номинатсия – беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ, беҳтарин маводи телевизионӣ, беҳтарин маводи […]

Аваз Юлдошев


Кумита оид ба ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 натиҷагирӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмуни аз рӯйи чор номинатсия – беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ, беҳтарин маводи телевизионӣ, беҳтарин маводи барномаи радиоӣ, беҳтарин асари илмӣ-таҳқиқотии журналистӣ – дастури таълимӣ оид ба журналистика доир гардид.

Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳуқуқ доштанд. Мавод барои озмун аз ҷониби ташкилотҳои аввалияи ИЖТ ё раёсати муассисаҳои эҷодӣ пешниҳод гардиданд.

Ба феҳристи барандагони ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2011 Фирӯза Саидова (Радиои Тоҷикистон),  Сайёфи Мизроб («СССР»), Абдуқаюми Қаюмзод («Озодӣ»), Абдуғаффори Камол («Ҷаҳоннамо»), Зафар Саидов («Сафина»), Ҷумъа Қувват («Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминии Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (Ҳақиқати Суғд) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик) шомил гардиданд.

Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 17-уми марти соли равон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.