Ҳисоботи Омбудсмени Тоҷикистон оид ба фаъолият дар соли гузашта

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гузориши дуюми худро омода сохт, ки дар он фаъолияти ин ниҳод дар соли 2011 ва масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ин давра таҷассум ёфтаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Азиз Солиев хабар дод, дар гузориш масоили танзими арзу шикояти аҳолӣ ба […]

Аваз Юлдошев


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гузориши дуюми худро омода сохт, ки дар он фаъолияти ин ниҳод дар соли 2011 ва масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ин давра таҷассум ёфтаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Азиз Солиев хабар дод, дар гузориш масоили танзими арзу шикояти аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, роҳандозии ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ ва рушди муносиоботи байнулмилалӣ дар ин соҳа зикр шудаанд.

«Дар гузориш барои таҳкими мавқеи дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон 83 тавсия қабул шуд. Дар гузориши соли гузашта 58 тавсия мавҷуд буд», – изҳор кард котиби матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, гузориши мазкур ба президенти Тоҷикистон, ҳарду палатаи парлумони кишвар, ҳукумати ҷумҳурӣ, Судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ, Прокуратураи генералӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байнулмилалӣ фиристода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли 2009 ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода таъин карда шуд. Ӯ ҳуқуқшиноси касбӣ буда, то ишғоли ин мансаб ба ҳайси мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ифои вазифа мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.