Ҳамоиши ҲНИТ бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамоиши бо шукуҳе баргузор менамояд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, Раиси ситоди тадорукоти ҳамоиш, Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби Раиси ҲНИТ) дар робита ба ин чорабинӣ изҳор доштааст, ки хадаф аз […]

ASIA-Plus


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамоиши бо шукуҳе баргузор менамояд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, Раиси ситоди тадорукоти ҳамоиш, Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби Раиси ҲНИТ) дар робита ба ин чорабинӣ изҳор доштааст, ки хадаф аз баргузории ин ҳамоиш бори дигар зинда кардани ёд ва талошҳои асосгузорони Ҳизби наҳзат Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода мебошад. «Инчунин муаррифӣ кардани мактаб ва афкори ин бузургон ба ҷомеа ва алалхусус ба насли ҷавоне, ки онҳоро надидааст. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш таҷдиди аҳду паймон аст, ки мо дар роҳи пешгирифтаи онҳо ва дар мактаби эшон пойбанд ва содиқ ҳастем», – гуфтааст вай.

Ҷаноби С. Ҳусайнӣ ҳамчунин иброз доштааст, ки ба ҳамоиш беш аз сад меҳмон, аз ҷумла намояндаҳои ҳукумату аҳзоби сиёсии кишвар, намояндагони сафоратхонаҳо, шахсиятҳои барҷастаи кишвар, журналистон, аҳли зиё ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ даъват шуда, ҳамаи хоҳишмандон низ метавонанд дар ҳамоиш ширкат варзанд. Ҳамоиш соати 09:00-и рӯзи шанбеи 17-уми март дар қароргоҳи марказии ҲНИТ оғз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, баъди ҳамоиш ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар минтақаи НТҶ (Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳӯрӣ) баргузор хоҳад шуд ва дар он фаъолият, мушкилот ва монеаҳое, ки аъзои ин ҳизб дар ин минтақа мувоҷеҳ ҳастанд, баррасӣ мешавад. Раиси ҳизб дар минтақа Ҷалолиддин Маҳмуд аз фаъолияти худ ҳисобот медиҳад. Фаъолтарин узв, масъул, собиқадор, ташкилоти ибтидоӣ, ноҳия дар минтақа мукофот дода мешаванд.

Бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб Устод С. А. Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Бахши ҷавонони ҲНИТ мусобиқаи волейболиро байни 12 тим дар майдончаи қароргоҳи марказии ҳизб низ ба роҳ монд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.