Пешсафии Тоҷикистон дар шумори занони маҳкумшуда барои қочоқи нашъа

Аз шумори умумии заноне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд, 70%-ашон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд . Дар гузориши созмони Harm Reduction International (HRI) (қароргоҳ дар шаҳри Лондон) гуфта мешавад, ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯйи шумори занони маҳкумшуда ба ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешсаф аст. Бино ба […]

Меҳрангез Турсунзода


Аз шумори умумии заноне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд, 70%-ашон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд

.

Дар гузориши созмони

Harm Reduction International

(HRI) (қароргоҳ дар шаҳри Лондон) гуфта мешавад, ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯйи шумори занони маҳкумшуда ба ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешсаф аст.

Бино ба маълумоти гузориш, дар Тоҷикистон 3 млн. 519 ҳазору 360 нафар занон зиндагӣ мекунанд. Дар муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ 600 нафар занон зиндонианд, ки 420 нафарашон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муҷозот шудаанд.

Дар ин гузориш пас аз Тоҷикистон Латвия ҷойгир шудааст, ки дар он ҷо аз шумори умумии занони маҳкумшуда 68,7%-ашон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Дар Латвия беш аз 1 млн. нафар занон иқомат дошта, аз 278 нафари занони зиндонӣ 191 нафарашон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда хеле ночиз аст. Масалан, дар Қазоқистон ҳудуди 8 млн. нафар занон ба сар бурда, аз миёни зиёда аз 4 ҳазору 200 нафар занони зиндонишуда, ҳамагӣ 25% (1 ҳазору 80 нафар) ба ҷурми қочоқи нашъа муттаҳам гардиданд.

Дар Қирғизистон бошад, аз 3 млн. нафар занони дар кишвар иқомат дошта, 300 нафар дар маҳбасанд ва танҳо 33% ба ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муҷозот шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш дар бораи Ӯзбекистону Туркманистон маъдумот дода нашудааст.

Дар Русия ҳудуди 76 млн. нафар занон зинадгонӣ мекунанд, ки 59 ҳазор нафарашон дар маҳбасҳо мебошанд. Аз шумори умумии маҳкумшудагон 33 % (19 ҳазору 628 нафар) ба содир намудани ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

HRI изҳор мекунад, ки маълумоти мазкурро аз моҳи августи соли 2011 то моҳи феврали соли 2012 «аз муассисаҳои давлатӣ бо шумули мақомоти миллии иҷрои ҷазо, Вазорати адлия, Агентии назорат бар маводи нашъаовар ва ҳамчунин олимон ва созмону ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» дастрас кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.