Ш. Раҳимзода: Ба Тоҷикистон сохтори назорат аз болои мақомоти андоз зарур аст

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон низоми ҷамъоварии андози калтакӣ ҷорӣ аст, ки ба фишор овардан ва истифодаи рафтори дағалона асос ёфтааст. «Албатта, кормандони андоз ба корхонаву ташкилотҳои нисбатан бузург ва бонкҳо, ки дар онҳо низоми мӯътадили муҳосибӣ мавҷуд аст, фишор оварда наметавонанд. Аммо дар сатҳҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон низоми ҷамъоварии андози калтакӣ ҷорӣ аст, ки ба фишор овардан ва истифодаи рафтори дағалона асос ёфтааст.

«Албатта, кормандони андоз ба корхонаву ташкилотҳои нисбатан бузург ва бонкҳо, ки дар онҳо низоми мӯътадили муҳосибӣ мавҷуд аст, фишор оварда наметавонанд. Аммо дар сатҳҳои поёнӣ бинобар сабаби мавҷуд набудани низоми муҳосибот, ҷамъоварии андоз ба табъи корманди андоз вобаста аст», – гуфт вай.

Вазир бар ин назар аст, ки феълан дар таҳияи Кодекси нави андоз боз ба ҳамон низоми куҳна такя карда мешавад. «Агар соҳибкорон аз низоми патенту шаҳодатномаҳо даст кашида, ба низоми мураттаби муҳосибӣ мегузаштанд, хеле хуб мебуд. Ин ба соҳибкороне дахл дорад, ки фаъолияташон дар як нуқтаи муайян сурат мегирад», – гуфт Ш.Рҳимзода.

Ба андешаи ӯ, шакли фаъолият тавассути патент ва шаҳодатнома дар мақомоти андоз барои замони низомӣ ва гузариш хос аст. «Фикр мекунам, ки ҳамаи соҳибкороне, ки дар як самти муайян фаъолият мекунанд, бояд шахсони ҳуқуқӣ бошанд, – мегӯяд вазир. – То замоне, ки онҳо шахси ҳуқуқӣ нагарданду низоми мураттаби муҳосибиро ҷорӣ насозанд ва то вақте ки дар мо дастгоҳҳои хазинавӣ пайдо нашаванду ҳамаи амалиётҳо аз қайд нагузаранд ва мо фарҳанги маъмулии ситонидани андозро наомӯзем, ҳамеша аз ҷониби мақомоти андоз таҳти фишор қарор хоҳем гирифт».

Ш.Раҳимзода таъкид кард, ки «агар ҳама низоми мураттаби муҳосибиро роҳандозӣ намоянд, метавон номгӯйи андоз ва меъёри фоиз ба онҳоро кам кард ва ҳамчунин дар маҷмӯъ ба кам шудани шумори санҷишҳо низ ноил гардид».

«Кумитаи андоз ва Вазорати молия аз он дар ташвишанд, ки ба иллати кам шудани номгӯйи андоз ва меъёри фоиз, онҳо наметавонанд ба иҷрои буҷет муваффақ шаванд, – иброз дошт вай. – Чун буҷет, ки иҷро нагардид, мо музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоиро пардохт карда наметавонем. Масалан, дар кишварҳои Аврупо бо роҳи зӯрӣ ва розӣ кунонидан ҳаҷми музли меҳнат ва нафақаро кам карда тавонистанд, вале мо чунин имкон надорем, зеро ҳаҷми музди меҳнат ва нафақа дар мо бе он ҳам ночиз аст».

Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иқтисод таъсиси сохтори мутақилеро, ки бояд аз фаъолияти мақомоти андоз назорат барад, пешниҳод намуд.

«Дар баробари андозсупорандагон мақомоти андозситон низ бояд мавриди санҷиш қарор дошта бошад, – изҳор кард ӯ. – Мо бояд сохтореро таъсис диҳем, ки санҷишҳои намояндагони мақомоти андозро назорат карда тавонад. Ин бояд сохтори мутақиле бошад, ки ба мақомоти андоз вобаста набошад, то ки зимни зарурат андозсупорандагон тавонанд ба он барои дифоъ аз манфиатҳои худ муроҷиат намоянд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...