Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе «Хонаи Эрон»-ро боз мекунад

Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳошияи сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мансабдорони […]

Аваз Юлдошев


Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳошияи сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҳамчунин иштирок дар чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе дар назар аст.

«Ғайр аз ин, президенти Эрон дар шаҳри Душанбе маркази фарҳангии эронии «Хонаи Эрон»-ро боз мекунад, – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои сарчашма, Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани чанде аз корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон низ иштирок хоҳад кард, вале манбаъ мушаххасан дар бораи ин корхонаҳо маълумот надод.

Қаблан хабар дода будем, ки иштирок дар кори конфронсро сарони кишварҳои Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Алӣ Осиф Зардорӣ тасдиқ карданд.

Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти конфронс, ба кори конфронс намояндагони 40 кишари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ  ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд Дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2011 беш аз 204, 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар зарфи ду моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба ҳудуди 29 млн. доллари ИМА баробар шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...