Ёров: Барқи мо ба Афғонистон интиқол дода намешавад

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров гуфтаҳои директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Геннадий Ругин дар бораи бо иқтидори пурра кор кардани ду хатти интиқоли барқ ба Афғонистонро, ки дар маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» таҳти унвони   «Таджикистану не хватает света, потому что его воруют?» (№ 21 (708) аз 14-уми марти соли 2011) интишор шуд, рад кард. […]

Виктория Наумова


Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров гуфтаҳои директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Геннадий Ругин дар бораи бо иқтидори пурра кор кардани ду хатти интиқоли барқ ба Афғонистонро, ки дар маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» таҳти унвони  

«Таджикистану не хватает света, потому что его воруют?»

(№ 21 (708) аз 14-уми марти соли 2011) интишор шуд, рад кард.

«Айни замон аз ду хат танҳо як хатти интиқол таҳти шиддатнокӣ қарор дорад ва ин барои пешгирии дуздии барқ амалӣ мегардад, – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» А.Ёров. – Маълумоте, ки бо такя ба директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Ругин дар бораи бо тамоми иқтидор кор кардани ҳарду хатти интиқол дода мешавад, дурӯғе беш нест».

Ӯ ҳамчунин «бо тамоми масъулият» изҳор кард, ки феълан ягон киловатт-соат барқи ҷумҳурӣ ба Афғонистон намеравад.

Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки посухи расмӣ ба ин мақола дар сомонаи расмии ширкат ҷой дода шуда, ба ҳафтавор низ ирсол мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба

масъалаи шадид шудани реҷаи истифодаи барқ аз 13-уми март

Ёров изҳор кард, ки вазъ ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: маҷрои ҷоришавии об ба обанбори нрӯгоҳи Норак хеле ночиз аст.

«Ҳафтаи ахир сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба обанбори нерӯгоҳи Норак 70-90 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда ва афзуд, ки то сатҳи ниҳоӣ истифодаи оби обанбор ҳамагӣ  5 метр боқӣ мондааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.