Супориши сарвазир бобати дар сатҳи зарурӣ доир намудани конфронси RECCA-V

Дар машварати корӣ бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) баррасӣ шуд. Конфронси мазкур рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Бино ба маълумоти котиботи сарвазири кишвар, дар ҷараёни машварат зикр гардид, ки дар конфронс масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон […]

Акмал Маннонов


Дар машварати корӣ бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) баррасӣ шуд. Конфронси мазкур рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Бино ба маълумоти котиботи сарвазири кишвар, дар ҷараёни машварат зикр гардид, ки дар конфронс масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Масъалаҳои асосие, ки ба баррасии конфронс пешниҳод шудаанд, ба рушди ҳамкории минтақавӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар манотиқи наздимарзӣ, тиҷорат, зербинои иқтисод ва захираҳои инсонӣ марбутанд.

Оқил Оқилов қайд кард, ки дар ҳошияи баргузории конфронси RECCA-V ҳамоиши тиҷоратии доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони ду кишвар ва ҳамчунин симпозиуми илмӣ низ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи сарвазир, баргузор кардани конфронси мазкур ба густариши имконоти ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар робита ба ин Оқил Оқилов ба вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул ҷиҳати омода гардидан барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани конфронс супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар кори конфронси RECCA-V

иштироки ҳайатҳои воломақоми 35 кишвар ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ

дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.