Президенти Тоҷикистон ба Маскав рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо сафари якрӯза озими шаҳри Маскав шуд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири рушди иқтисод ва […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо сафари якрӯза озими шаҳри Маскав шуд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

«Президенти Тоҷикистон аллакай шоми ҳамин рӯз ба ватан бармегардад, зеро рӯзи 20-уми март иштироки сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва вохӯрии ӯ бо равшанфикрони кишвар дар он ба нақша гирифта шудааст», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми октябри соли 2000-ум дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ба имзо расида, пас аз тасдиқи он аз ҷониби кишварҳои узви иттиҳод 30-уми майи соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард.

Аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё панҷ давлат – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.