Дар Душанбе боз ду рӯзи дигар барф меборад

Ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёнзамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Рӯзона ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба сифр баробар хоҳад буд. Фардо, 20-уми март, дар […]

Валентина Кондрашова


Ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёнзамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Рӯзона ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба сифр баробар хоҳад буд.

Фардо, 20-уми март, дар Душанбе боришоти барфи начандон зиёд идома ёфта, аммо наздикиҳои шом аз соф шудани обуҳаво интизорӣ меравад, ҳарорат то 2-3 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи пешгӯиҳо, дар таҷлили ҷашни Наврӯз, 21-уми март, дар пойтахт ҳавои камабри бидуни боришот дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо 17-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Байдуллоева мегӯяд, субҳи имрӯз баландии сатҳи барф дар шаҳри Душанбе ҳудуди 22 сантиметрро ташкил дод. «Барои моҳи март чунин боришоти барф хос нест, – таъкид мекунад ӯ. – Тайи 10 соли ахир дар пойтахт чунин боришот ба мушоҳида нарасида буд. Обуҳавои ба ин монанд дар пойтахт солҳои 1964 ва 1969-и қарни гузашта ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, соли 1964 низ баҳор сард омада, мудати чанд рӯз обуҳаво сард буд ва баландии сатҳи барф низ то 20 сантиметр мерасид».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.