Барф робита бо Хоруғро қатъ кард

Бар асари боришоти зиёди барф ва фаромадани тармаҳо, робита бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ пурра қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, айни замон роҳҳои асосии автомобилгарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа баста шудаанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, бар […]

Пайрав Чоршанбиев


Бар асари боришоти зиёди барф ва фаромадани тармаҳо, робита бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ пурра қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, айни замон роҳҳои асосии автомобилгарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа баста шудаанд.

Бино ба маълумоти мавҷуда, бар асари тармафароиҳои зиёд тайи шабонарӯзи гузашта дар ВМКБ, якчанд манзили зисти шаҳрвандон зери тарма мондааст. Корҳои наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашуд.

«Айни замон таҳти раёсати раиси ВМКБ Қодир Қосимов ҷаласаи таъҷилии ҳукумати вилоят доир гардида истодааст, ки дар он маълумоти бештар дақиқ пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар худи шаҳри Хоруғ роҳҳо аз барф тоза гардида, нақлиёт бемамониат равуо дорад. «Феълан тамоми техника ба тозакунии роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа сафарбар гардидааст», – иброз дошт сарчашма.

Дар ҳамин ҳол, боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе мушкил эҷод кард. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ қарордошта сафарбар шудаанд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Онҳо мегӯянд, ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёназамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид.

Қобили зикр аст, ки барои моҳи март чунин боришоти барф дар Тоҷикистон хос нест. дод. «Барои моҳи март чунин боришоти барф хос нест. Тайи 10 соли ахир дар пойтахт чунин боришот ба мушоҳида нарасида буд. Обуҳавои ба ин монанд дар пойтахт солҳои 1964 ва 1969-и қарни гузашта ба қайд гирифта шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...