Барф робита бо Хоруғро қатъ кард

spot_imgspot_img

Дата:


Бар асари боришоти зиёди барф ва фаромадани тармаҳо, робита бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ пурра қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, айни замон роҳҳои асосии автомобилгарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа баста шудаанд.

Бино ба маълумоти мавҷуда, бар асари тармафароиҳои зиёд тайи шабонарӯзи гузашта дар ВМКБ, якчанд манзили зисти шаҳрвандон зери тарма мондааст. Корҳои наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашуд.

«Айни замон таҳти раёсати раиси ВМКБ Қодир Қосимов ҷаласаи таъҷилии ҳукумати вилоят доир гардида истодааст, ки дар он маълумоти бештар дақиқ пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар худи шаҳри Хоруғ роҳҳо аз барф тоза гардида, нақлиёт бемамониат равуо дорад. «Феълан тамоми техника ба тозакунии роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа сафарбар гардидааст», – иброз дошт сарчашма.

Дар ҳамин ҳол, боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе мушкил эҷод кард. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ қарордошта сафарбар шудаанд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Онҳо мегӯянд, ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёназамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид.

Қобили зикр аст, ки барои моҳи март чунин боришоти барф дар Тоҷикистон хос нест. дод. «Барои моҳи март чунин боришоти барф хос нест. Тайи 10 соли ахир дар пойтахт чунин боришот ба мушоҳида нарасида буд. Обуҳавои ба ин монанд дар пойтахт солҳои 1964 ва 1969-и қарни гузашта ба қайд гирифта шудаанд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...