Маркази ВМКБ дар асорати барф боқӣ мемонад

Муддати се рӯз аст, ки бар асари тармафароиҳои зиёд дар роҳҳои мошингард ба самти маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ то ҳанӯз дар асорати барф боқӣ мемонад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, тамоми роҳҳои мошингарде, ки Хоруғро бо […]

Аваз Юлдошев


Муддати се рӯз аст, ки бар асари тармафароиҳои зиёд дар роҳҳои мошингард ба самти маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ то ҳанӯз дар асорати барф боқӣ мемонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, тамоми роҳҳои мошингарде, ки Хоруғро бо ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Душанбе мепайванданд, бастаанд. Тайи чанд шабонарӯзи ахир дар ин роҳҳо ҳудуди 15 тарма фаромада, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин дар натиҷаи барфрезии зиёд ва фаромадани тармаҳо, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақаи шимоли кишвар мепайванданд, низ ғайриимкон шудааст. Айни замон ба корҳои тозакунии ин роҳҳо техникаи махсус сафарбар гардидааст.

КҲФ ва МГ аз шаҳрвандон ва меҳмонон дархост менамояд, ки мувофиқи имкон аз сафар тавассути роҳҳои мошингарде, ки дар онҳо хафви тармафароӣ вуҷуд доранд, худдорӣ кунанд ва дар сурати ба сафар баромадан эҳтиёткору ҳушёр бошанд.

Намояндагони кумита хамчунин даъват мекунанд, ки ба сафар кӯдакони хурдсол ҳамроҳ гирифта нашаванд. Инчунин тавсия дода мешавад, ки муваққатан аз шикор ва лижаронӣ дар куҳҳо худдорӣ карда шавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, соли равон боришот аз меъёр зиёд аст. Ғайр аз ин, гармшавии ҳарорат ва боришоти рӯзҳои ахир низ ба фаромадани силсилаи нави тармаҳо боис шуда метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.