Ҷаласаи Гуруҳи «Дӯстони об» дар мавзӯи «Об ва иқтисоди сабз»

Чанде қабл дар дафтари Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар мавзӯи “ Об ва иқтисоди сабз “ ҷаласаи Гуруҳи “ Дӯстони об “ доир гардид. Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, дар ҷаласа беш аз 70 намояндагиҳои доимии кишварҳои узви СММ ва намояндагони ниҳодҳои гуногуни СММ иштирок карданд. Ҷаласаро Намояндаи доими Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар дафтари Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар мавзӯи



Об ва иқтисоди сабз



ҷаласаи Гуруҳи



Дӯстони об



доир гардид.

Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, дар ҷаласа беш аз 70 намояндагиҳои доимии кишварҳои узви СММ ва намояндагони ниҳодҳои гуногуни СММ иштирок карданд. Ҷаласаро Намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуд.

Ба иттилои мнбаъ, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавзӯи “Об ва иқтисоди сабз” гузориш дод. Мавсуф дар гузориши худ ба нақши “иқтисоди сабз”  дар чаҳорчӯби рушди устувор, аҳамияти об дар пиёдасозии “иқтисоди сабз”, зарурати ворид намудани тағйироти ҷиддӣ дар рушди фановариҳо, қабул ва интиқоли фановариҳо, инчунин тавсеаи ҳамкориву шарокати минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обӣ тамаркуз кард.

«Дар шароити кунунӣ, масъалаи сохтмони нуругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб барои таъмини амнияти обӣ, обёрии заминҳои корам, истеҳсоли неруи барқии арзон ва аз ҷиҳат экологӣ тоза, коҳиш додани хуруҷи газҳои карбон, сарфаи захираҳои нафту газ, истифодаи устувор ва сарфакоронаи дигар захираҳои табиӣ, пешгирии обхезӣ ва хушксолӣ беш аз пеш муҳим ва зарур аст», – таъкид кард С.Раҳимов.

Мушовири Дафтари машваратии Дабири кулли СММ дар масъалаҳои об (UNSGAB), узви Форуми оби Ҷопон Кензо Ҳироки дар мавзӯӣ “Рушди сабз аз оби кабуд” (Green Growth with Blue) гузориш дод. Мавсуф обро яке аз унсурҳои асосии “рушди сабз” арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари беҳсозии роҳҳои самараноки истифодаи об, кишварҳои узви созмонро зарур аст, дар масъалаи коҳиш додани таъсири манфии об ҳангоми обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ низ чораҳоӣ амалӣ андешанд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои амалӣ намудани ҳама бандҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола заруранд.

Дар анҷоми нишаст, миёни гузоришдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҷаласа саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар мавзӯи об ва иқтисоди сабз доир гардид.

Ҷаласаи мазкур ба мақсади омодагӣ ба Конфронси рушди устувор, (Рио₊20), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Рио₋де₋Жанейро, Бразилия барпо мегардад, баргузор шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.