Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Вашингтон

Ахири ҳафтаи гузашта дар пойтахти ИМА ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона баргузор шуд. Соли сеюм аст, ки бо ташаббуси созмони ғайриҳукуматии Nowruz Commission, ки соли 2010 аз ҷониби тоҷир ва шахси некӯкор Носир Каземенӣ, сафири Қазоқистон дар ИМА Эрлан Идрисов ва бонкдори амрикоӣ Бежан Киён таъсис дода шудааст, ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷику форсзабон […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар пойтахти ИМА ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона баргузор шуд.

Соли сеюм аст, ки бо ташаббуси созмони ғайриҳукуматии Nowruz Commission, ки соли 2010 аз ҷониби тоҷир ва шахси некӯкор Носир Каземенӣ, сафири Қазоқистон дар ИМА Эрлан Идрисов ва бонкдори амрикоӣ Бежан Киён таъсис дода шудааст, ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷику форсзабон дар Амрико бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Намояндагони созмони ғайриҳукуматии Nowruz Commission ба таблиғи афкори башардӯстонаи ҷашни Наврӯз дар сарзамини Амрико машғул мебошанд.

Соли равон дар бинои қадимаи «Hall of the Americas» дар маркази шаҳри Вашингтон ҳудуди 500 нафар меҳмонон – роҳбарони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ИМА, конгресменҳо, олимон, намояндагон аҳли ҳунар ва диаспораҳои миллӣ гирдиҳам омаданд.

Ваколатдори муваққатӣ дар умури Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим паёми табрикотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни чорабиниро назди ҳозирин қироат намуд.  

Имрӯз бо иштироки 2 ҳазор нафар меҳмонон ҷашни Наврӯзро дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк таҷлил мекунанд. Ҳафтаи равон иди баҳорро диаспораҳои тоҷик дар шаҳрҳои Вашингтон, Денвер, Омаха, Минеполис, Лос-Анҷелес ва дигар шаҳрҳои ИМА ҷашн мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.