Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Кӯлоб

Date:


Дар ҷамоати Кӯлоби ноҳияи Кӯлоб ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамоат Салим Бобохонов хабар дод, дар қаламрави ҷамоат ҳудуди 18 ҳазор нафар аҳолӣ асосан ба корҳои кишоварзиву ҳунармандӣ машғул буда, қисмати зиёди мардум дар шаҳри Кӯлоб кор мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби мавҷуд набудани макони васеъ барои баргузори ҷашнҳо, чорабиниҳои идона ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар ду деҳаи бузург гузаронида мешаванд.

«Ба чорабинии ҷашнӣ қисмати зиёди сокинони шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳ зоҳир сохта, ҳамчунин дар он меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишни ноҳия ҳузур доштанд. Мақомоти раҳбарии Кӯлоб деҳотиёнро бо ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...