Паёми Дабири кулли СММ ба иштирокдорони конфронси RECCA-V

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ идома мебахшад, паёми шодбошӣ ирсол намуд. Дар паём зикр мегардад, ки роҳандозии ҳамкории иқтисодӣ воситаи расидан ба ояндаи амну субот дар Афғонистон аст. «Дар ҷараёни ислоҳоту азнавсозӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ идома мебахшад, паёми шодбошӣ ирсол намуд.

Дар паём зикр мегардад, ки роҳандозии ҳамкории иқтисодӣ воситаи расидан ба ояндаи амну субот дар Афғонистон аст.

«Дар ҷараёни ислоҳоту азнавсозӣ дар Афғонистон ҳамкории минтақавӣ рӯз то рӯз муҳимтар мешавад. Рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини шароити мусоид барои он асоси таҳкурсии ояндаи амну субот ва пешбурди рушд дар Афғонистон мебошад», – гуфта мешавад дар паём, ки онро аз номи Дабири кулли СММ намояндаи махсусии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш ироа кард.

Дар паём хотиррасон мешавад, ки конфронсҳои ҳамкории минтақавӣ оид ба Афғонистон шуруъ аз соли 2005 доир гардида, дар конфронси аввал намояндагони ҳамагӣ 11 кишвари ҷаҳон ширкат варзида буданд ва дар конфронси Душанбе бошад, аллакай намояндагони 80 кишвари дунё ва созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.

Дар паёми Пан Ги Мун гуфта мешавад, СММ вазифаҳои конфронс оид ба таъмини рушди Афғонистон ва сафарбарии захоири мавҷуда баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳоро комилан дастгирӣ менамояд. Дабири кулли СММ аз таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронс ба масоили ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии савдо ва транзит ва ҳалли мушкилоти рушди зербинои иқтисоди Афғонистон изҳор қаноатмандӣ кард.

Бино ба гуфтаи Дабири кулли СММ, айни замон дар Афғонистон ба ҷуз Гуруҳи СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон, боз 28 муассисаву фонд ва барномаҳои СММ амал мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми байнулмилалии минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба кор шуруъ кард. Дар кори конфронс ҳайатҳои 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ иштирок доранд.

Дар конфронс масоили мусоидат ба рушди иқтисоди Афғонистон тавассути ташаккули зербинои он (нақлиёт ва энергетика), рушди захираву имконоти инсонӣ тавассути мусоидат ба рушди маориф ва омодагии касбии кадрҳо, муваффақ гардидан ба пешбурди сармоягузорӣ, савдо ва беҳбуди идораи марзҳо ба воситаи таҳким ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни мақомоти миллӣ ва шарикони байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории конфронс аз 26 то 29-уми март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афғонистон – имконоти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» Ҳамоиши тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.