Таҷлили ҷашни Наврӯз зери манораи Эйфел

Чанде қабл дар шаҳри Париж зери манораи Эйфел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони диаспораҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон бо ҳамроҳии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Париж зери манораи Эйфел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони диаспораҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон бо ҳамроҳии намояндагони сафорати Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд. «Намояндагон ва сайёҳоне, ки ба тамошои манораи Эйфел ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори дунё меоянд, шоҳиди ин иди бошукуҳ гардиданд», – гуфтанд дар сафорат. 

Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабинӣ  Раиси ассотсиатсияи «Journée Internationale de Norouz», узви ҷамъияти «Пайванд», профессори Донишгоҳи Париж ва маркази тадқиқотии «Кюри» Масъуди Миршоҳӣ ба хозирин, ки теъдоди онхо аз се ҳазор зиёд буд, оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз, расму русум, урфу одат, тарзи ҷашнгирии он ва либосҳои миллии кишварҳои номбурда маълумот дод. «Инчунин дар ҷараёни таҷлили ҷашн намоиши сарулибоси миллии минтақаҳои кишварҳои дар боло зикргардида ба маърази тамошобинон гузошта шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки ҷамъомадагон аз фарҳанги куҳани ҷашни Наврӯз, ки зиёда аз 300 миллион нафар аҳолии рӯйи заминро муттаҳид месозад, бо камоли майл изҳори хушнудӣ карданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.