Рӯзҳои 20-2-юми феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба муайян кардани хатти гузариши марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, 84%-и хатти гузариши марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай мувофиқа шуда, бо Шартнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатӣ аз соли 2002 тасдиқ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин бобати минбаъд баррасӣ намудани лоиҳаи Шартнома дар бораи танзими ниҳоии хатти гузариши марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил кардаанд.