Ифтитоҳи се муассисаи тиббӣ дар Панҷакент бо кумаки Ҷопон ва БРСММ

Аз 23 то 25-уми марти соли равон дар ноҳияи Панҷакент се муассисаи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо маблағҳои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таъмир ва бунёд гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳри Панҷакент Муродалӣ Насриддинов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҷамоати […]

Бахтиёр Валиев


Аз 23 то 25-уми марти соли равон дар ноҳияи Панҷакент се муассисаи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо маблағҳои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таъмир ва бунёд гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳри Панҷакент Муродалӣ Насриддинов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Шинг дармонгоҳи қитъавӣ барои 20 кат ва Маркази солимии деҳот ба фаъолият оғоз кард.

Масолеҳи сохтмон барои таъмиру бунёди ин муассисаҳоро Барномаи рушди СММ ҷудо карда, онҳо тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар муддати 8 моҳ сохта шуданд.

Ба гуфтаи Насриддинов, ду рӯз пештар аз ифтитоҳи ин муассисаҳо дар шаҳри Панҷакент баъди аз таъмири асосӣ баровардан, таваллудхона ба истифода дода шуд. Арзиши тамоми корҳои сохтмониро, ки маблағи умумии он 103 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пардохт намуд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, таҷҳизот барои иншооти мазкур аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят таъмин гардида, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои харидани мебел маблағ ҷудо карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.