Ҷаласаи мақомоти зиддимухаддироти кишварҳои узви СААД дар Маскав

Ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД оид ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои табодули захираҳои иттилоотӣ, дар базаи ХНММ Россия баргузор гардид. Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори мақомоти салоҳиятдори Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва намояндаи Котиботи СААД иштирок намуданд. Тавре аз Маркази […]

ASIA-Plus


Ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД оид ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои табодули захираҳои иттилоотӣ, дар базаи ХНММ Россия баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори мақомоти салоҳиятдори Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва намояндаи Котиботи СААД иштирок намуданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин нишаст Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва муовини сардори Шӯъбаи информатсионӣ-таҳлилии АНМН намояндагӣ карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти фаъолиятҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва табодули захираҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои барномавии соли 2011 ва нақшаҳо барои соли ҷорӣ шунида шуданд.

Дар анҷом барои Лоиҳаи қарори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, ки 11 апрели соли 2012 дар шаҳри Остона доир мегардад, пешниҳодҳо омода карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории мазкур соли 2005 бо қарори Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  ташкил шудааст.

Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои амниятӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳои ин паймон ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.