Сафири Ирландия дар САҲА натоиҷи RECCA-V-ро мусбат арзёбӣ кард

Зимни брифинг дар Душанбе сафири Ирландия дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Филипп Мак Донах гуфт, натиҷаҳои Конфронси душанбегии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба мардуми афғон баҳри расидан ба сулҳу созиш имконоти нав фароҳам месозанд. Ӯ аз номи кишвари Ирландия, ки айни замон раёсати САҲА-ро ба уҳда дорад, ба мақомоти Тоҷикистон барои дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни брифинг дар Душанбе сафири Ирландия дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Филипп Мак Донах гуфт, натиҷаҳои Конфронси душанбегии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба мардуми афғон баҳри расидан ба сулҳу созиш имконоти нав фароҳам месозанд.

Ӯ аз номи кишвари Ирландия, ки айни замон раёсати САҲА-ро ба уҳда дорад, ба мақомоти Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ созмон додани конфронс изҳори миннатдорӣ намуд.

Ба андешаи ӯ, кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон нисбат ба ояндаи ин кишвари азияткашида дидгоҳи умумӣ доранд. «Тайи якчанд соли наздик САҲА Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро дар тамоми самтҳое, ки фаъолият дорад, дастгирӣ хоҳад кард», – зикр кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) кори дурӯзаи худро ба анҷом расонид.

Дар кори конфронси мазкур ҳудуди 500 ҳайатҳои хориҷиву маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои минтақавиву байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.