Мусодираи беш аз 16 кило ҳашиш дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 27-уми март дар шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як марди 44-солаи қаблан маҳкумшуда боздошт мегардад. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда, 31 бастаи селлофанӣ бо маводи шубҳанок дарёфт […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 27-уми март дар шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як марди 44-солаи қаблан маҳкумшуда боздошт мегардад.

«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда, 31 бастаи селлофанӣ бо маводи шубҳанок дарёфт ва мусодира карда шуд, – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз натиҷаҳои ташхис маълум гардидааст, ки ин маводи нашъаовари ҳашиш буда, вазни умумиаш беш аз 16 килоро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз оғози соли равон кормандони милиса беш аз 350 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.