Журналистони тоҷикро бо усул ва асосҳои лизинг шинос мекунанд

Date:


Дар ҷараёни маҳфили матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти унвони «Рушди лизинг дар Тоҷикистон» аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) созмон дода мешавад, журналистони тоҷикро бо усул ва асосҳои лизинг ҳамчун воситаи молиявӣ барои рушди иқтисод ва ҷалби сармоя шинос мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин тағйирот дар қонунгузорӣ, ки ба рушди бахши лизинг дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, низ муаррифӣ мешаванд.

Дар барномаи маҳфил ҳамчунин муаррифии усул ва асосҳои лизинг ҳамчун воситаи молиявӣ баҳри сармоягузорӣ ба рушди истеҳсоли молу хизматгузорӣ баргузор гардида, ҳамчунин мушкилоти мавҷудаи монеи рушди лизинг дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, атрофи тағйирот дар қонунгузории кишвар, ки ба беҳбуди андозбандии лизинг барои рушди минбаъдаи бахши мазкур ва ҷалби сармоя равона гардидаанд, низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Дар IFC афзуданд, чорабинӣ баҳри омодасозии журналистон ба инъикоси асоснок ва муфассали масоили рушди лизинг дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...