Дар ДДХ ба шакли таҳсили «кредитӣ» гузаштанианд

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шояд пурра аз қабули имтиҳон ва санҷишҳо аз донишҷӯён зимни таҳсил даст кашида, ба шакли ба истилоҳ таҳсили «кредитӣ» гузарад. Зимни шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии донишгоҳ Алиҷон Бойматов изҳор кард, ки айни замон дар донишгоҳ ба ҷуз чор факулта дигар ҳамаи факултаҳо ба ин […]

Бахтиёр Валиев


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шояд пурра аз қабули имтиҳон ва санҷишҳо аз донишҷӯён зимни таҳсил даст кашида, ба шакли ба истилоҳ таҳсили «кредитӣ» гузарад.

Зимни шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии донишгоҳ Алиҷон Бойматов изҳор кард, ки айни замон дар донишгоҳ ба ҷуз чор факулта дигар ҳамаи факултаҳо ба ин тарзи таҳсил гузаштаанд ва ояндаи наздик масъалаи ба ин шакли таҳсил гузаштани чор факултаи зикршуда низ ҳал мешавад.

«Дар шакли нави таҳсил балл ва соатҳое, ки дар он донишҷӯ ба дарс омада, мустақилона кор мекунад, ба ҳисоб гирифта мешаванд, – мегӯяд Бойматов. – Ҳамчунин воҳиди махсуси санҷиш низ вуҷуд дорад. Дар он як «кредит» ба 16 соате, ки барои омӯзиши фан ҷудо мегардад, баробар буда, донишҷӯ ҳар қадар ба ин кредитҳо соҳиб шавад, ҳамон қадар хубтар аст».

Мудири кафедраи донишгоҳ зикр кард, ки рӯзҳои 27-31-уми март махсус барои табодули таҷриба ва расонидани ёрии методӣ ба ДДХ мутахассисони олмониву эстонӣ омада буданд. Онҳо дар кори семинар-конфронс дар доираи лоиҳаи «ТЕМПУС», ки баҳри ҷорӣ сохтани шакли нави таҳсил дар саросари ҷаҳон талош меварзад иштирок карданд.

Дар лоиҳаи мазкур донишгоҳҳои шаҳрҳои Тарту (Эстония) ва Дрезден (Олмон) ва аз Тоҷикистон Донишгоҳҳои давлатии Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок доранд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ректорати донишгоҳ, айни замон дар шӯъбаи рӯзонаи ДДХ 7822 нафар (3222 нафар тибқи қарордод) ва дар шӯъбаи ғоибона 4704 нафар (2948 тибқи қарордод) донишҷӯён таҳсил мекунанд. Дар 17 факултаи донишгоҳ 74 номгӯйи мутахассисон омода мегарданд. Шумори омӯзгорони донишгоҳ 827 нафарро ташкил дода, боз беш аз 100 нафар омӯзгорон бо донишгоҳ ҳамкорӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.