Интиқоди шадиди Суҳроб Шарифов аз Гул Шералӣ

Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае […]

Аваз Юлдошев


Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае муваффақ мегардад.

«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон ягон Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) сохта нашуда, созишномаҳои мавҷуда бо шарикони хориҷӣ дар бораи сохтмони чунин иншоот мавриди амал қарор намегиранд. Ин ҷо ман созишнома бо Чин дар бораи сохтмони МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 270 МВт-ро дар назар дорам», – гуфт вай.

Ба андешаи Шарифов, созишномаи мазкур чор сол пеш ба имзо расида, агар он саривақт амалӣ мегардид, мушкилоти таъмини пойтахт ва ноҳияҳои наздики он бо барқ то ҷое ҳал мегардид.

Дар посух ба суханронии вакил, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор кард, ки дар вазорат оид ба раҳо кардани кишвар аз буҳрони энергетикӣ тарҳҳои зиёде мавҷуданд ва дар ин самт корҳои зиёде ҳам аллакай анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла вай иброз дошт, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1, агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва беш аз 270 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавриди истифода қарор гирифта, ноҳияҳои баландкуҳ бо зиёда аз 2,5 ҳазор батареяҳои офтобӣ таъмин карда шудаанд.

«Дар робита ба масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 гуфта метавонам, ки он замон баъзе мушкилоти техникӣ, аз ҷумла таъмини сохтмончиёни Чин бо манзили зист дар Душанбе вуҷуд дошт. Айни замон ин мушкилот ҳаллу фасл шуда, ман итминон медиҳам, ки сохтмони он ба зудӣ оғоз мегардад», – гуфт вазир.

Ба гуфтаи Гул Шералӣ, ояндаи наздик дар байни ноҳияҳои Исафара ва Конибодоми вилояти Суғд бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 МВт шуруъ мешавад.

Пас аз баррасии муфассал лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон маъқул шуморида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.