Вохӯрии раиси пойтахт бо митрополит Викентий

Date:


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Метрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҳамроҳӣ мекард ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, зимни мулокот Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати Метрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад бобати таъин шуданаш ба ин вазифа самимона шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе – дорандаи Ҷоизаи  шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. 

Метрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯхбати анҷом гирифта бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти  ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва кишвари Тоҷикистон сафарбар хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...