Додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ дар Душанбе барқарор шуд

Дар шаҳри Душанбе додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон барқарор гардид. Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки чунин сурат гирифтани кор сабаби техникӣ дошта, ҳудуди як ҳафта ҳамаи мушкилот батараф шудааст. «Сабаби боздошти додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба мавҷуд набудани алоқа марбут буд, – гуфт ба […]

Фирӯз Умарзода


Дар шаҳри Душанбе додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон барқарор гардид.

Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки чунин сурат гирифтани кор сабаби техникӣ дошта, ҳудуди як ҳафта ҳамаи мушкилот батараф шудааст.

«Сабаби боздошти додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба мавҷуд набудани алоқа марбут буд, – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» корманди Раёсати консулгарии ВКХ Нурулло Булбулов. – Гап сари он аст, ки хадамоти шиносномадиҳиву сабт маълумот дар бораи шаҳрвандонро ҷамъ оварда, тавассути шабакаи Интернет ба мо мефиристад, ки моро бо он ширкати «Тоҷиктелеком» таъмин мекунад, вале бинобар сабаби анҷоми муҳлати амали шартнома бо ин ширкат, муддати ду ҳафта мо аз интернет маҳрум будем ва акнун шартномаи нав ба имзо расонида шуда, алоқа барқарор гардид».

Ба гуфтаи Н.Булбулов, дигар ҳамаи чор нуқтаи дигари ҷамъоварии маълумот дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қурғонтеппа бо реҷаи муқррарӣ фаъолият доштанд.

Ёдрас мекунем, ки сар аз 1-уми феврали соли 2010 дар Тоҷикистон додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон оғоз гардид. Айни замон арзиши шиносномаи биометрии хориҷӣ 75 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Шиносномаҳои оддӣ ҳудуди 20 доллари ИМА арзиш доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.