Вохӯрии раиси пойтахт бо митрополит Викентий

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Метрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҳамроҳӣ мекард ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, зимни мулокот Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентийро, ки ҳамзамон […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Метрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҳамроҳӣ мекард ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, зимни мулокот Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати Метрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад бобати таъин шуданаш ба ин вазифа самимона шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе – дорандаи Ҷоизаи  шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. 

Метрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯхбати анҷом гирифта бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти  ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва кишвари Тоҷикистон сафарбар хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.