Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва СААД дар Остона

Субҳи имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласҳои мазкур баррасии масоили […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласҳои мазкур баррасии масоили марбут ба мавқеи усулии кишварҳо оид ба мушкилоти муҳиму рӯзмарраи таъмини амният дар ҷаҳону минтақа, андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати ҳалли он ва тақвияти ҳамраъйиву муттаҳидӣ нисбат ба мавҷудияти таҳдидҳои берунӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин ба рӯзномаи ҷаласаҳо дар Остона масоили роҳандозии бештар пурсамари ҳамкории мутақобилаи намояндагони доимии кишварҳои узви СААД дар созмонҳои байнулмилалӣ ва имзои Ёддошти ҳсуни тафоҳум миёни котиботи СААД ва департаменти амалиёти СММ оид ба таъмини сулҳ низ шомил шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.