Шабдолов: Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамсояҳо ба кӯдаки зудранҷ монанд аст

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов муътақид аст, ки дар паёми имсолаи президент ба парлумон сарвари давлатро мебояд таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаи ҳарчи зудтар ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани Тоҷикистон мутамарказ созад. «Президент парлумон ва сохторҳои ҳукуматиро бояд баҳри раҳо шудани кишвар аз буҳрони энергетикӣ сафарбар созад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов муътақид аст, ки дар паёми имсолаи президент ба парлумон сарвари давлатро мебояд таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаи ҳарчи зудтар ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани Тоҷикистон мутамарказ созад.

«Президент парлумон ва сохторҳои ҳукуматиро бояд баҳри раҳо шудани кишвар аз буҳрони энергетикӣ сафарбар созад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони кишвар. – Ин вазифаи аввалиндараҷа аст, чунки рушди иқтисоди миллӣ ба энергетика вобаста аст. Мушкилоти иҷтимоӣ, аз қабили нафақаву маош ва ғайраро танҳо дар сурати мавҷуд будани иқтисоди муътадил метавон мусбат ҳал кард».

Ӯ мегӯяд, таҷриба гувоҳи он аст, ки айни замон ҷумҳурӣ мустақилона ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қодир нест ва барои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст.

«Мо мудом аз кишварҳои ҳамсоя талаб карда наметавонем, ки ҷумҳуриро бо барқу газ таъмин намоянд, – зикр кард вакили парлумон. – Ва ниҳоят мо бояд дарк кунем, ки муддати зиёдест дар кишвари соҳибистиқлол ба сар мебарем. Мо аз истиқлол ифтихор дорем, вале акнун ин истиқлолро бояд худамон таъмин бикунем».

Шабдолов бар ин назар аст, ки дар баҳс бо ҳамсоякишварҳо сари масъалаи таъминот бо захоири энергетикӣ мавқеи Тоҷикистон «кӯдаки зудранҷеро ба хотир меорад, ки бародари калонӣ кадом як хоҳиши ӯро рад кардааст».

«Вақти ба хубӣ дарк кардани кайҳо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фаро расидааст ва ҳамсояҳо ба мо бо дарназардошти вазъи иқтисоди бозорӣ муносибат хоҳанд кард. Дар бозор бошад, рақобати шадид ҳукмфармо буда, ҳар як иштирокчии он пеш аз ҳама дар бораи даромади бештар ба даст овардан андеша мекунад. Мо то ҳанӯз ба ҳамсоякишварҳо даъво пеш меорем ва тавре менамояд, ки «гӯё онҳо ба мо чизе қарздор бошанд», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.