Гурӯҳи аввали ҷавонони Конибодом ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд

Дар маросими ботантана гурӯҳи аввали 44-нафараи ҷавонон аз шаҳри Конибодом ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс комиссари шаҳри Конибодом Рустам Исроилов изҳор кард, ки ин дафъа маросими гусели ботантана на дар назди бинои комиссариати ҳарбӣ, балки дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо […]

Акмал Алиев


Дар маросими ботантана гурӯҳи аввали 44-нафараи ҷавонон аз шаҳри Конибодом ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс комиссари шаҳри Конибодом Рустам Исроилов изҳор кард, ки ин дафъа маросими гусели ботантана на дар назди бинои комиссариати ҳарбӣ, балки дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки беш аз 2 ҳазор сокинони шаҳр – роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, хизматчиёни ҳарбии интернатсионалист, иштирокчиёни ҷангҳо барои барқароркунии сохти конститутсионӣ, хизматчиёни ҳарбии дар садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирокдошта, сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар минтақа, намояндагони аҳли ҷомеа ва ҷавонон доир гардид.

Ба гуфтаи Исроилов, дар даъвати тирамоҳӣ 188 нафар ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуда, дар даъвати баҳорӣ 227 нафар зодагони Конибодом ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

«Ояндаи наздик боз 30 нафар ҷавонон курсҳои ронандагӣ дар мактаби намунавии техникии Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаро хатм намуда, онҳо низ ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд», – иброз дошт комиссари ҳарбии шаҳр.

Номбурда афзуд, айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳзор нафар ҷавонон аз Конибодом адои хизмат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.